Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамоми ҳайати роҳбарии IRS иваз шуд


Яке аз посгоҳҳои ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (Innovative Road Solutions - IRS)

Яке аз посгоҳҳои ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (Innovative Road Solutions - IRS)

Тағйири кадрӣ ба мудирият ва бахшҳои фаннӣ, молиявӣ ва амниятии IRS дар Тоҷикистон рабт гирифт.

Ҳамаи сарони ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (Innovative Road Solutions - IRS) аз мақомашон барканор шуданд.

Фаррух Каримов, ки аз замони оғози фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон раёсати бахши тоҷикистонии онро дар ӯҳда дошт, бо сабаби вазъи саломатияш аз мақоми худ канор рафт ва дар ивази ӯ Фотима Ниёзмамадова, ки қаблан вазифаи сарвари хадамоти амнияти ширкати IRS-ро дар ӯҳда дошт, раҳбари бахши тоҷикистонии ширкат таъйин шуд.

Ҳамчунин, Абдулмаҷид Шарифов, ки дар гузашта сардори раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд, дар ивази Рустам Абдуллоев мудири фаннии ширкат таъйин гашт. Бино ба шарҳи мақомоти IRS, ин тағйир бино бар ба кори дигар гузаштани Абдуллоев иттифоқ афтодааст. Аммо ҳамзамон Рустам Абдуллоев ба ҳайси мушовири фаннӣ ҳамкории худро бо ширкати IRS идома хоҳад дод.

Тағйири дигар ба бахши молии ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» рабт гирифтааст. Мудири молиявии ширкат Насимҷон Шокиров аз вазифа барканор шуда, ба ҷои ӯ Фирӯз Назаров ба ин мақом таъйин гашт.

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро дар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши махсус ва боимтиёзи он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки аз тарафи порлумон низ тасвиб шудааст, сурат мегирад.

Ин ширкат ба иддаои худаш як ширкати бонуфузи хориҷист, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи оффшори ҷазираҳои Вирҷиния номнавис шуда ва таҷриба ва собиқаи корӣ надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба робитаи моликони ин ширкат ва мақомоти Тоҷикистон низ дар расонаҳо ва миёни мардум ҳамчунон сайр дорад.

Соли гузашта ба дунболи навиштаи чандин расонаи хабарӣ, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, дар як нишасти хабарии махсус гуфт ҳеҷ робитае бо ширкати IRS, ки ба пулчинӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, надорад ва молики IRS низ нест. Нуралиев домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG