Пайвандҳои дастрасӣ

Пизишкон: «Мақсуд ба пайванди гурда ниёз дорад»


Мақсуд дар канори падараш Мирзохӯҷа Тӯраев, Душанбе, 4-уми сентябри соли 2011.

Мақсуд дар канори падараш Мирзохӯҷа Тӯраев, Душанбе, 4-уми сентябри соли 2011.

Апаи Бибизиёда, модари Мақсуд, ҳамаи онҳоеро, ки ба писари ӯ кӯмак кардаанд, фарзандони азизи худ хонд.

Ин модар, ки зоҳиран, аз ғами писараш, нобаҳангом солманду ошуфта ба назар мерасад, гуфт: «Ҳар модар орзу дорад, ки калоншавии писарашро бинад. Ҳамин рӯзе, ки дар сари мо ҳаст ягон модари тоҷик набинад. Ман бa Мақсуд саломатӣ мехоҳам.»

Дар ин лаҳзаи сухан вай гиря сар дод ва оби чашмонаш шашқатор шуд. Дар ҳоле ки буғз гулӯяшро баста буд, гуфт, ки аз ҳамаи кӯмакрасонон сипогузор аст ва онҳоро додару хоҳарони Мақсуди худ мешуморанд, фарзандони худ медонад, ки ёрияшонро аз як бародари бемори хеш дареғ надоштаанд.

Падари Мақсуд, Мирзохӯҷа Тӯраев, ки низ гиря гулӯгираш мекард, гуфт, хонандагони торнамои Радиои Озодӣ ба ҳисоби хайрияи кӯмак ба Мақсуд то ҳол зиёда аз 700 доллари амрикоӣ интиқол додаанд ва бахше аз ин маблағ барои гемодиалези ӯ, ки ҳоло ягона воситаи зинда нигаҳ доштани Мақсуд аст, истифода шудааст.

Радиои Озодӣ номаи падари Мақсудро мунташир карда буд, ки дар он аз вазъи асафбори писараш, ки ба бемории норасоии музмии гурдаҳо гирифтор аст ва ба поён расидани сармояҳои хонавода барои табобати Мақсуд ҳикоят мешуд. Даҳҳо хонанда дар шарҳи нома ба Мақсуд орзуи шифо карданд ва навиштанд, ки ба ҳисобҳои бонкии хайрия пул хоҳанд гузаронд. Маълум мешавад, онҳо ба ваъдаи хеш вафо кардаанд ва ин 700 доллар пас аз нашри нома ба ҳисоби бонкӣ ворид гаштааст.

Аммо ин маблағ, бо вуҷуди он ки дар фурсати ҳаётан муҳим ба дасти хонаводаи Тӯраевҳо расид ва имкон дод, ки муолиҷа идома пайдо кунад, кофӣ нест. Пизишкон гуфтаанд, ки Мақсуд ба пайванди гурда ниёз дорад ва ин ягона роҳи наҷоти ӯст. Аммо чунин ҷарроҳӣ дар хориҷи кишвар хеле гарон буда, нархи он ба 20 000 доллари амрикоӣ мерасад. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Тураев барои гузаронидани гемодиалези ҳамин моҳаи фарзандаш пул надорад.

Содиқов Аламхон, пизишке, ки Мақсудро табобат мекунад, бемории ӯро шарҳ дод ва гуфт, барои дубора ба зиндагии Мақсуд умед бастан, бояд бемор ҳарчи зудтар ҷарроҳӣ шавад.

То кунун дар Тоҷикистон 14 амалиёти пайванди гурда гузаронда шудааст, ки бархеи ин беморон пас аз чанд моҳи ҷарроҳӣ фавтиданд. Биноан, нархи пайванди гурда дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои хориҷӣ даҳ баробар арзонтар аст, зинда мондани бемор баъд аз ҷарроҳӣ кафолати комил надорад.

Ин дар ҳолест, ки вазъи Мақсуд рӯз то рӯз хеле бадтар мешавад ва падару модари ӯ аз шунавандагону хонандагони Радиои Озодӣ дигарбора хоҳиш кардаанд, ки ёрии худро аз Мақсуд дареғ надоранд. Онҳо аз ҳама даъват мекунанд, ба як маъракаи умумӣ дар талоши наҷоти ҳаёти ҷавони 18-сола ҳамроҳ шаванд.

Рустами Набот

Падари Мақсуд – Тӯраев Мирзо
шаҳри Душанбе, кӯчаи Севастополская 8, ҳуҷраи 18. Телефон: 93 410 0872; 918 985030

Суратҳисоб дар Бонки Рушди Тоҷикистон

Бо доллари ИМА
Beneficiary: Turaev Mirzohodzha
Account: 20218840730014000000
Bank beneficiary: CJSC: “Bonki rushdi Tojikiston” Tajikistan, Dushanbe
SWIFT: BRTAT J22
Bank correspondent CB” Eurotrust” CJSC Moscow
SWIFT: CEURRUMM USD 30111840700000000389

Bank –Correspondent-correspondent:
Acc № 70-55.045.413/001 with Raiffeisen Zentralbank Oestrich AG
A-1030, Veinne, Austria SWIFT:
RZBAATWW via their acc № 10920871 with Citibank, N.Y., USA, SWIFT: CITIUS33

Бо сомонӣ
Тураев Мирзоходжа Бобоевич
Номер счет получателя № 20216972030008000000
ИНН 045373154
БИК 350101736
Номер корр. Счета 20402972617361

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG