Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба ҷонибдорони Қаззофӣ силоҳ нафурӯхтааст?


Чин иттилоъи бархе расонаҳои ғарбӣ дар бораи фурӯши силоҳ ба режими Муаммар Қаззофиро рад кард.

Вазорати умури хориҷии Чин дар як изҳорот иқрор намуд, ки моҳи июл намояндагони Қаззофӣ бо чанд ширкати чиноӣ музокирот анҷом доданд ва аммо дар бораи хариду фурӯши силоҳ ягон созиш имзо нашудааст.

Чанде пеш нашрияи амрикоии New York Times ва рӯзномаи Globe and Mail-и Канада хабар доданд, ки Пекин ба режими Муаммар Қаззофӣ ба маблағи 200 миллион доллар силоҳу лавозимоти ҳарбӣ пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG