Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Парвон ҷасадҳои ду шаҳрванди Олмон ошкор шуданд


Дар Афғонистон ҷасадҳои ду шаҳрванди Олмон, кормандони як созмони хайрия, ошкор шуданд. Онҳо беш аз ду ҳафта қабл ғайб зада буданд.

Басир Солангӣ, волии вилояти Парвон, воқеъ дар шимоли Афғонистон, ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки олмониҳо аз зарби тир ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ки ҷасадҳои шаҳрвандони Олмонро дар як мавзеъи дурдасти кӯҳӣ пайдо карданд. Бар пояи иттилоъи муқаддамотӣ, олмониҳо барои истироҳат ба кӯҳистон рафтанд ва бо сабабҳои номаълум ҳадафи тири сокинони маҳаллӣ қарор гирифтанд.

Бори аввал дар бораи ғайб задани шаҳрвандони Олмон моҳи гузашта вазири умури хориҷии кишвар Гвидо Вестервелле изҳорот пахш карда буд.
XS
SM
MD
LG