Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди ҷонибдорон ва мухолифони Муборак дар Қоҳира


Имрӯз дар Қоҳира дар канори бинои додгоҳе, ки мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак ҷараён дорад, миёни ҷонибдорон ва мухолифони раҳбари кишвар бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Ин мурофиа субҳи имрӯз аз сар гирифта шуд.

Ҳуснӣ Мубораки 83-сола дар аробача ба мурофиа оварда шуд. Мақомот тасмим гирифтанд, ки дар қиёс бо мурофиаҳои пешин аз пахши мустақими телевизионӣ аз толори додгоҳ худдорӣ кунанд.

Раисиҷумҳури пешини Миср дар фасод ва даст доштан дар ҳалокати садҳо намоишгарон дар ибтидои соли равон айбдор мешавад.

Бар асари намоишҳои густурда Ҳуснӣ Муборак маҷбур шуда буд, ки ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG