Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Келленбергер бо мақомоти Сурия музокирот мекунад


Раиси Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх Якоб Келленбергер имрӯз дар Димишқ бо мақомоти Сурия музокирот анҷом медиҳад.

Ӯ талоши дарёфти иҷозаи Димишқ барои мулоқоти табибон ва кормандони гурӯҳҳои башарӣ бо афроди дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи тазоҳургарон дар шаҳрҳои Сурия осебдидаро дорад.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзи гузашта бар асари бархӯрдҳо дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ва аммо расонаҳои расмии Сурия хабар доданд, ки ҳамлаи мусаллаҳона ба автобус дар яке аз вилоятҳои марказии кишвар мунҷар ба ҳалокати 9 нафар, аз ҷумла, шаш низомӣ гардид.

Ба иттилоъи СММ, аз оғози эътирозҳои оммавӣ дар Сурия беш аз 2200 нафар ҷон бохта, дасти кам даҳ ҳазор ҷонибдорони раисиҷумҳур Башор Асад боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG