Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 22 чирикии курд дар задухӯрд бо низомиёни эронӣ


Расонаҳои Эрон дар бораи ҳалокати 22 чирикии курд хабар доданд. Ин иттилоъ аз сӯи дигар манобеъ ҳанӯз тасдиқ нашудааст.

Гуфта мешавад, дар задухӯрд дасти кам ду сарбози Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳам кушта шудааст.

Амалиёти артиши Эрон алайҳи чирикиҳои курд моҳи июл шурӯъ шуд. Мусаллаҳони ҳизби "Зиндагии озоди Курдистон" дар кӯҳистони марзи Эрону Ироқ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG