Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи чархаи аввали нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"


Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2"

Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2"

Чарха ё турбинаи аввали нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" бо иштироки раҳбарони Тоҷикистону Эрон фаъол шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, то охири сол ҳарду агрегати нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" пурра ба кор хоҳад даромад. Вай ифтитоҳи чархаи аввали ин нерӯгоҳро гоми дигари
Эрон ба ҳарфҳои Тошканд гӯш намедиҳад. Вақте Узбакистон вагонҳои Тоҷикистонро бидуни ҳеҷ шарҳе дар қаламраваш манъ мекард, танҳо Эрон буд, ки бо як изҳороти худ аз Узбакистон тақозо кард, то роҳҳро боз намояд...

устувор ба сӯи истиқлоли энержӣ номид.

Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам дар ҷараёни суханронии худ гуфт, кишвараш ҳамеша дар канори Тоҷикистон хоҳад буд ва аз истиқлоли ин кишвари дӯст ҳимоят хоҳад кард. Ӯ равобити Душанбеву Теҳронро бисёр самимӣ ва бародарона хонд ва афзуд, ин ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ҳамкорӣ доранд. "Пешрафти Тоҷикистону Эрон алайҳи ҳеҷ кишваре нест",-илова намуд Аҳмадинажод.

Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар 120-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон қарор дошта бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта шудааст. Нерӯгоҳ аз ду агрегати 110-мегаваттӣ иборат аст ва оғоз ба кор кардани он тавлиди нерӯи барқро дар Тоҷикистон қариб 1 миллиард киловатт-соат афзоиш хоҳад дод. Пас аз 12,5 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Бо оғози ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон тайи 15 соли ахир баъд аз сохтмони нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дуввумин тарҳи муҳими Эрон дар кишвар ба шумор меояд. Эрон дар ин сохтмон 180 ва Тоҷикистон 40 миллион доллар сармоя гузоштаанд.

Бино бар ҷадвали замонии тасдиқшуда ширкати эронии “Фароб” мебоист, агрегати аввали нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"-ро дар моҳи феврали соли 2012 ба кор меандохт. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ширкат даъват карданд, иншооти аввали нерӯгоҳро то оғози мавсими сардиҳо дар соли 2011 ба кор андозанд.

Бо ин мақсад ширкати “Фароб” суръати кор дар ин иншоотро ба маротиб афзун кард, аммо дар баҳор ва тирамоҳи соли гузашта даҳҳо вагон бо масолеҳ ва таҷҳизоти муҳими “Сангтӯда-2” чандин моҳ дар қаламрави Узбакистон боздошта шуданд. Танҳо дахолати ҳукумати Эрон ва таҳдиди он ки Теҳрон метавонад, айни чунин иқдомро дар қаламарави худ барои вагонҳои Узбакистон ҷорӣ кунад ва бору колои миёни Узбакистон ва кишварҳои арабу Туркияро боздорад, раҳбарони Тошкандро маҷбур сохт, ба гузашти вагонҳои марбут ба Тоҷикистон иҷоза диҳанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров он вақт эълом дошт, ки иқдоми Узбакистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиард доллар зарар ворид кард. Аз ночорӣ ва барои ҳифзи суръати сохтмони “Сангтӯда-2” мақомоти эронӣ тасмим гирифтанд, таҷҳизоти онро аз роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон расонанд.





Рӯзи чоруми сентябр дар ҷараёни дидору гуфтугӯи Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе тавофуқ шуд, ки ҷониби Эрон нерӯгоҳи "Айнӣ" дар рӯдхонаи Зарафшонро бо иқтидори 150 мегават низ хоҳад сохт.

Раҳматулло Валиев, як масъули Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд: "Бо эътирози Узбакистон Чин аз татбиқи тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ бар фарози рӯди Зарафшон даст кашид ва ин тарҳ барои давраи номаълум боқӣ монд. Он вақт Чин ба ҳадде ҳарфҳои Тошкандро гӯш дода буд, ки гуфт, омода аст дар ҳар куҷои дигари Тоҷикистон ин нерӯгоҳро бисозад, вале бар фарози рӯдхонаи Зарафшон ин корро нахоҳад кард. Ҳоло ки Эрон сохтмони ин тарҳро бар дӯш гирифтааст, қадами дигаре дар амри дастёбӣ ба манобеи энержӣ хоҳад буд. Зеро навоҳии минтақаи Зарафшон ҳам дар фасли зимистон ба мушкили барқ рӯ ба рӯ мешаванд. Дигар ин ки Эрон ба ҳарфҳои Тошканд гӯш намедиҳад. Вақте Узбакистон вагонҳои Тоҷикистонро бидуни ҳеҷ шарҳе дар қаламраваш манъ мекард, танҳо Эрон буд, ки бо як изҳороти худ аз Узбакистон тақозо кард, то роҳҳро боз намояд. Барои Тоҷикистон муҳим ин аст, ки бо ҳар роҳе барномаҳои энержии худро амалӣ кунад. Фарқ надорад, ки кадом кишвар месозад. Муҳим ин аст, ки зудтар бисозад ва аз камбуди барқ халос шавад."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG