Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия дасти кам 8 нафар кушта шуд


Мудофеъони ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, рӯзи якшанбе нерӯҳои давлатӣ дар юрише ба шаҳри ноороми Ҳамо дасти кам ҳашт ғайринизомиро куштанд, вале ба гуфтаи мақомот, ин ҳамла кори дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ будааст. Шаҳри Ҳамо ва вилояти Идлиби наздик ба он саҳнаи тазоҳуротҳои густурда алайҳи режими Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия буд. Ба гуфтаи Созмони Милал аз замони оғози тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Сурия дар панҷ моҳи пеш, то кунун 2200 нафар тазоҳургар кушта шудаанд. Айни замон хабаргузории расмии САНА-и Сурия мегӯяд, дар ҳамлаи ғофилгиронаи гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ ба як автобуси низомиён дар шаҳри Ҳамо, шаш сарбоз ва се корманди ғайринизомӣ кушта шудаанд ва 17 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG