Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷангҷӯи Толиб се нафарро дар Қандаҳор кушт


Як ҷангҷӯи Толибон бо ҳамлаи интиҳорӣ ба як ширкати амниятӣ дар Афғонистон дасти кам се нафарро кушт ва даҳҳо нафари дигарро захмӣ кард. Сардори раёсати пулиси Қандаҳор гуфт, “бомбгузори маргталаб, мошини бомбгузоришудаашро ба саҳни ҳавлии ширкат ва ҷойи намозгузорӣ ронда ва сипас онро мунфаҷир кард.” Дар ин ҳамла ду муҳофиз ва як ғайринизомӣ кушта шудаанд ва 21 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шаҳри Қандаҳор, такягоҳи аслии Толибон ва аз шаҳрҳои нооромтарини Афғонистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG