Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Лигаи Араб ба Димишқ хоҳад рафт


Набил Ал-Арабӣ

Набил Ал-Арабӣ

Раҳбари Лигаи давлатҳои арабӣ гуфт, шояд дар ҳафтаи оянда ба хотири расондани нигаронии ҷаҳони Араб аз хушунатҳои Сурия ба он кишвар сафар кунад. Набил Ал-Арабӣ дар нишасти хабариаш дар Қоҳира гуфт, ӯ “нигаронии арабҳоро расонда, назари мақомоти Сурияро низ хоҳад шунид.” Вазирони хориҷаи Лигаи Араб рӯзи 28 август ҷиҳати эъзоми Ал-Арабӣ ба Димишқ тасмим гирифтанд, то Башор Асадро ба оғози ислоҳот ва, “ҳанӯз дер ношуда”, ба хатми хушунатҳо даъват кунад. Ба ҳисоби СММ, тайи қариб ним соли эътирозҳо дар Сурия дастикам 2200 тазоҳургар ҷон бохтаанд.
Бо ин ҳол, мақомоти Сурия мегӯянд, ки имрӯз афроди мусаллаҳ дар як шабехун 6 сарбози артишро куштаанд.
XS
SM
MD
LG