Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Тоҷикистон ба Кореяи шимолӣ рафт


Лаҳзае аз бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода
Лаҳзае аз бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода
Тими миллии футболи Тоҷикистон имрӯз ба Кореяи шимолӣ рафт. Рӯзи 6 сентябр футболбозони тоҷик дар Пхенян дар даври дуввуми мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо Кореяи шимолӣ рақобат хоҳанд кард. Тоҷикистон бозии аввалашро рӯзи ҷумъа ба Узбакистон бо ҳисоби 0:1 бохт. Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки масъули тими миллист, гуфтааст, футболбозони тоҷик бо вуҷуди бохт дар рақобат бо Узбакистон бозии хуберо намоиш доданд ва “ҳайф ки натиҷаи мусовиро ҳифз карда натавонистанд.” Ба ақидаи Рустами Эмомалӣ, тими Тоҷикистон барои омодагӣ ба ин бозӣ ҳамагӣ 10 рӯз фурсат дошт, ки кофӣ набуд, вале дар муқоиса бо шикаст аз Сурия пешрафти футболбозони тоҷик яқин аст.
XS
SM
MD
LG