Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Пулиси Эрон ба таъқиби “ҷангҳоиобӣ” дар саросари кишвар пардохта, чандин писару духтари ҷавонро ба маҳзи ширкат дар набардҳои созмонёфта бо туфангҳои обӣ боздошт кардааст. Хабаргузории нимарасмии Меҳр мегӯяд, рӯзи ҷумъа чанд ҷавон дар боғи Теҳрон ба ҳамин далел дастгир шуданд.
Ҳар навъ муоширати хориҷ аз марзи издивоҷ байни писару духтар дар Эрон мамнӯъ аст. "Ҷангҳои обӣ" зоҳиран як шеваи эътирози насли ҷавон ба меъёрҳои динист, ки алорағми ҳушдори мақомот, дар саросари Эрон паҳн шудааст. Муҳофизакорон ҷангҳои обиро ғайриахлоқӣ ва мояи рушди фасод дар байни ҷавонон меноманд, ки бояд аз байн бурда шавад.
XS
SM
MD
LG