Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари тими мунтахаби Тоҷикистон ба Куриёи Шимолӣ


Лаҳзае аз бозии миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода, 2 сентябр
Лаҳзае аз бозии миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода, 2 сентябр

Баъд аз зӯҳри чоруми сентябр дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии даври дуввуми сабқати гурӯҳиии Ҷоми Ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё бо тими миллии Куриёи Шимолӣ ба Пхенян парвоз кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов хабар дод.

Вай афзуд, "ин сафари футболбозони тоҷикро тавассути хатсайри махсус Рустами Эмомалӣ, сарпарасти даста ва ҳам ноиби президенти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ташкил кард. Ба ҳайъати тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Олимҷон Рафиков 31 нафар шомиланд, ки 24 нафарашон футболбоз ва 7 тани дигар мураббиёну духтурону маъмурон мебошанд. Ҳавопаймо пас аз нӯҳ соати парвоз дар фурудгоҳи пойтахти куриёи Шимолӣ фуруд хоҳад омад. Худи ҳамон рӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Янггакдо”, ки дорои 30 ҳазор ҷои нишаст мебошад, тамрин мекунад. Шашуми сентябр дар ҳамин варзишгоҳ бозии даври дуввуми марҳалаи сеюми сабқати интихобии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё байни тимҳои миллии Куриёи Шимолӣ ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Бозӣ соати 16:30 ба вақти Куриёи Шимолӣ ва 12:30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад."

Ёдовар мешавем, тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозияш дар марҳалаи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 рӯзи 2 сентябр дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода аз тими миллии Узбакистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.

Танҳо голи ин бозиро дар дақиқаи 72-юм ҳамлагари меҳмонон Максим Шатских, бозигари “Арсенал”-и Киеви Укроин, зад.
XS
SM
MD
LG