Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯгоҳи Бушаҳр ба шабакаи барқи Эрон васл шуд


Нирӯгоҳи Бӯшаҳр

Нирӯгоҳи Бӯшаҳр

Нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон ба интиқоли нирӯи барқ ба шабакаи миллии барқ оғоз кардааст. Хабаргузории ИСНО мегӯяд, нирӯгоҳи Бӯшаҳр шаби шанбе ба ин шабака васл шуд. Ҳамид Ходим Қоимӣ, сухангӯи созмони ҳастаии Эрон гуфт, нирӯгоҳ баъди гушоиши расмиаш дар рӯзи 12 сентябр бо тақрибан 40 дарсади иқтидораш барқ тавлид хоҳад кард.
Эҳдоси нирӯгоҳи ҳастаии Бӯшаҳрро ширкати олмонии Siemens ҳанӯз дар аҳди шоҳ, дар солҳои 70 шурӯъ карда буд. Ахиран ин сохтмонро Русия ба дӯш гирифт, вале эҳдосаш ҳамроҳ бо таъхирҳои зиёде анҷом мешуд. Эрон ба далели барномаҳои ҳастаияш, ки гумон меравад, ҳадафи махфии он сохтани силоҳҳои ҳастаист, таҳти таҳримот қарор дорад. Вале Теҳрон ин иддаоро ҳамеша радд мекунад.
XS
SM
MD
LG