Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти вазири дифоъи Куба


Раул Кастро

Раул Кастро

Вазири дифоъи Куба Хулио Касас Регуейро рӯзи шанбе дар синни 75 бар асари сактаи қалб даргузашт. Касе ба ҷои ӯ ҳанӯз таъйин нашудааст, вале давлати Куба рӯзи душанберо рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Регуэйро тайи даҳсолаҳо мушовири наздики раҳбари феълии Куба Раул Кастро буд. Ӯ ҳанӯз дар солҳои 50 ба гурӯҳи чирикии бародарон Кастроҳо пайваста, тайи қариб 5 даҳсола масъули умури молии вазорати дифоъ буд. Баъди аз ин симат ба ҷои бародараш Фидел ба мақоми президентӣ нишастани Раул Кастро дар соли 2008 Регуэйро вазири дифоъ таъйин шуд. Марги ӯ мавзӯъи ба як ҷо расидани синни раҳбарони аввали Кубаро дигарбора матраҳ мекунад. Раул Кастро худ 80 сол дорад ва бисёре аз аъзои дигари кобинаи ӯ низ тақрибан ҳамсоли ӯянд.
XS
SM
MD
LG