Пайвандҳои дастрасӣ

Таниши Исроил бо Туркия амиқтар мешавад


Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, кишвараш мулзам нест барои амалиёти 15 моҳ пеш алайҳи корвони киштиҳои роҳии навори Ғаза узр бихоҳад. Ӯ аз ҳалокати 9 турк дар ин амалиёт изҳори таассуф кард ва гуфт, умедвор аст, ки равобити Исроил бо Туркия ба ҳолати оддиаш баргардад.
Туркия мехоҳад, ки Исроил узр хоста, муҳосираи Ғазаро низ қатъ кунад. Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу дирӯз гуфт, Анкара масъалаи муҳосираи ин сарзамини фаластиниро ҳафтаи оянда ба додгоҳи байналмилалӣ хоҳад кашонд. Рӯзи ҷумъа дар пайи нашри гузориши СММ Туркия сафири Исроилро ихроҷ ва ҳамкориҳои низомиаш бо он кишварро мутаваққиф кард. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз ҳарду кишвар хостааст, то ба хотири кумак ба раванди сулҳи Ховари Миёна муносиботи худро хуб кунанд.
XS
SM
MD
LG