Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба ҳамла болои Банӣ Валид


Нирӯҳои ҳукумати муваққати Либия, ки Банӣ Валид, яке аз охирин пойгоҳҳои боқимондаи нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофиро иҳота кардаанд, мегӯянд, музокирот ҷиҳати таслим шудани ин минтақа ба нокомӣ анҷомид ва онҳо омодаи ҳамла ба Банӣ Валид ҳастанд. Дар атрофи Банӣ Валид ҳазорон нирӯи Шӯрои миллии гузор ҷамъ шуда, дар тақрибан 15 километрии маркази шаҳр қарор доштаанд. Мӯсо Иброҳим, сухангӯи Қаззофӣ гуфт, қабилаи варфаллоҳ – бузургтарин қабилаи сокини ин минтақа - ба Қаззофӣ содиқ мондааст ва таслим нахоҳад шуд. Аммо дар посух ба ин суоли Ройтерс, ки оё Қаззофӣ низ дар Банӣ Валид аст?, Иброҳим гуфт: “Ман шахсан намедонам, ки ӯ ҳоло куҷост, вале хуб медонам, ки ӯ дар дохили кишвар аст.”
Муҳаммад ал-Фосӣ, фармондеҳи чирикиҳо гуфт, “музокирот поён ёфтааст” ва нирӯҳои ӯ то поёни имрӯз ба Банӣ Валид ҳамла хоҳанд бурд. Нирӯҳои Шӯрои гузор Сирт – зодгоҳи Қаззофӣ- ва пойгоҳи низомии Сабҳо дар ҷануби Либияро низ иҳота кардаанд.
XS
SM
MD
LG