Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири собиқи Сандуқи байналмилалии пул (СБП) Доминик Страусс-Кан имрӯз ба Фаронса баргашт. Ӯву ҳамсараш шоми шанбе аз фурудгоҳи Ҷон Кеннедии Ню-Йорк парвоз карда, субҳи имрӯз ба Порис расиданд. Страусс-Кани 62-сола моҳи май дар пайи боздошт шуданаш бо иттиҳоми қасди таҷовуз ба номуси хидматкори як меҳмонсаройи Ню-Йорк аз раёсати СБП истеъфо дод. Аммо рӯзи 23 август қозии Ню-Йорк ба далели ба самимияти даъвогар шакк овардани додситонӣ тамоми иттиҳомот алайҳи Стаусс-Канро лағв кард. Страусс-Кан, ки то он ҷанҷол як номзади умда ба интихоботи соли ояндаи президентии Фаронса маҳсуб мешуд, аз оғоз ин иттиҳомотро радд мекард. Вакили мудофеъи ӯ мегуфт, ҳар навъ муоширати ҷинсӣ бо хидматкор бар асоси ризоияти тарафайн сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG