Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиши Рустами Эмомалӣ аз бозии тими Тоҷикистон


Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, тими миллии футболи ин кишвар бо вуҷуди бохт аз Узбакистон дар бозии рӯзи ҷумъа хуб ҳунарнамоӣ кард. Тоҷикистон рӯзи ҷумъа нахустин бозиаш дар чорчӯби мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014-ро дар майдони худ ба Узбакистон бо ҳисоби 0:1 бохт. Дар ин гурӯҳ боз ду тими қавии қораи Осиёи - Ҷопону Кореяи шимолӣ низ рақобат мекунанд. Рустами Эмомалӣ, ки муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва масъули тими миллист, гуфтааст: “Ҳайф ки мо натиҷаи мусовиро ҳифз карда натавонистем.” Рустами Эмомалӣ гуфт, тими Тоҷикистон барои омодагӣ ба ин бозӣ ҳамагӣ 10 рӯз фурсат дошт, ки кофӣ набуд, вале дар муқоиса бо шикаст аз Сурия, ба бовари ӯ, пешрафти футболбозони тоҷик яқин аст.
XS
SM
MD
LG