Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод имрӯз ба Тоҷикистон меояд


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон (Акс аз бойгонӣ)
Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон (Акс аз бойгонӣ)
Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз бо як сафари расмии дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар байни ду кишвар ду қарордод имзо шавад, ки тибқи онҳо Эрон маблағгузории сохтмони нирӯгоҳи Айнӣ бо иқтидори 150 мегаватт дар рӯди Зарафшон ва як корхонаи семент дар ноҳияи Данғараро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Аҳмадинажод рӯзи 5 сентябр дар маросими оғози баҳрабардорӣ аз чархаи аввали нирӯгоҳи Сангтӯда-2 низ ширкат мекунад. Ин нирӯгоҳ бо 40 миллион доллар сармоягузории худи Тоҷикистон ва 180 миллион доллар сармояи Эрон сохта мешавад. Тибқи қарордод, ин нирӯгоҳ тайи 12 соли аввал дар ихтиёри Эрон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG