Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе омад


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон

Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо як сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.

Интизор меравад, зимни ин сафар байни Эрону Тоҷикистон ду қарордод дар мавриди бунёди нерӯгоҳи Айнӣ бо иқтидори 150 мегаватт дар рӯди Зарафшон ва як корхонаи семент дар ноҳияи
Оё Маҳмуди Аҳмадинажод дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон нигаронии рӯҳониёни эронӣ аз ташдиди фишор ба диндорон дар Тоҷикистонро низ матраҳ хоҳад кард?

Данғара имзо шавад.

Аҳмадинажод рӯзи 5 сентябр дар расми оғози баҳрабардорӣ аз чархаи аввали нерӯгоҳи Сангтӯда-2 низ ширкат хоҳад кард. Эрон дар ин сохтмон 180 ва Тоҷикистон 40 миллион доллар сармоя гузоштаанд.

Қаблан расонаҳои Тоҷикистон навишта буданд, ки ба далели таъхир дар ворид намудани таҷҳизот барои нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ифтитоҳи он ба ду моҳи дигар ба таъхир уфтодааст. Вале Сайид Асгарӣ, масъули ширкати "Фароб", ки машғули сохтмони Сангтӯда-2 аст, ин хабарро таъйид накард ва гуфт, чархаи аввали ин нерӯгоҳ дар ҷараёни сафари Маҳмуди Аҳмадинажод фаъол хоҳад шуд.

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 дар 120-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон қарор дошта бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта шудааст. Нерӯгоҳ аз ду агрегати 110-мегаваттӣ иборат хоҳад буд ва оғоз ба кор кардани он тавлиди нерӯи барқро дар Тоҷикистон қариб 1 миллиард киловатт-соат афзоиш хоҳад дод. Пас аз 12,5 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Бо оғози ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон тайи 15 соли ахир баъд аз сохтмони нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб, нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дуввумин тарҳи муҳими Эрон дар кишвар ба шумор меояд. Ёдовар мешавем, аз истифодаи расмии нақби "Истиқлол" панҷ сол мегузарад, вале ҳамчунон таъмиру тармим дар он идома дорад ва равуо аз ин нақб мушкил аст.

Қосими Бекмуҳаммад
Ахиран Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ тармими нақби "Истиқлол" оғоз ва то баҳори соли 2012 идома хоҳад кард.

Бо ин ҳол, интизороти маҳофили Тоҷикистон аз ин сафари Маҳмуди Аҳмадинажод чист? Мавзӯи сӯҳбатҳо дар ин музокирот танҳо масоили иқтисодиву сиёсӣ хоҳад шуд ва оё Маҳмуди Аҳмадинажод дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон нигаронии рӯҳониёни эронӣ аз ташдиди фишор ба диндорон дар Тоҷикистонро низ матраҳ хоҳад кард?

Умуман чӣ муштаракотест, ки ин ду низоми зоҳиран ба ҳам зид – низоми исломии ҳоким дар Эронро бо низоми тунди дунявии ҳоким дар Душанбе дар як меҳвар ё қутби мушорикат ба ҳам овардааст? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад дар миён гузоштем.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG