Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони хориҷаи ИА рӯзи шанбе, дар рӯзи дуввуми нишасти ғайрирасмӣ дар Сопоти Лаҳистон, равобити ин созмон бо Украинаву Беларусро баҳс мекунанд. Як мавзӯъи марказии баҳс боздошти сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенкост, ки метавонад монеъи музокирот бо Киев роҷеъ ба эҷоди шароити тиҷорати озод бо Украина ва ҳамоиши он кишвар бо ИА шавад. Сиёсати ИА дар қиболи режими Аляксандр Лукашенка ва бархӯрди ӯ ба мухолифин низ дар Сопот мавриди баҳси вазирони аврупоӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG