Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони СНГ дар Душанбе ба поён расид


Нишасти ҷашнии сарони кишварҳои ҳамсӯд (СНГ) дар Душанбе бо як изҳороти сарон пиромуни солгарди 20-уми таъсиси ин ниҳод ва гузориши таҳлилии мавсум ба “Натиҷаҳои 20 соли фаъолияти СНГ ва вазифаҳояш дар дурнамо” анҷом ёфт.
Мавзӯъи аслии ҳамоиши ҷашнӣ натиҷагирӣ аз 20 соли фаъолияти ин иттиҳоди 11 кишвари шӯравии собиқ буд, вале дар нишасти Душанбе сарони 3 кишвари узви СНГ – Ислом Каримов, Илҳом Алиев ва Аляксандр Лукашенка ҳузур надоштанд. Мизбони нишаст – раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, то ҳол ҳама зарфиятҳои ин ниҳод истифода нашудааст. Ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев гуфт, СНГ алтернатива надорад. Аммо дар маҳофил ин созмонро як ниҳоди ноқобиле медонанд, ки қарорҳояш бештар рӯи қоғаз мемонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG