Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати маҳбуси собиқи Гуантанамо дар Нангарҳор


Як маҳбуси собиқи зиндони Гуантанамо, ки баъди бозгашт ба Афғонистон ба ҷангиёни толиб пайваста буд, аз сӯи нирӯҳои НАТО кушта шудааст. НАТО мегӯяд, Сабур Лолро шаби ҷумъа дар амалиёти муштараки ISAF ва Урдуи давлатии Афғонистон дар вилояти шарқии Нангарҳор ба ҳалокат расондаанд. ISAF гуфт, ки ӯ бо шабакаи Ал-Қоида иртиботи хеле наздик дошт.
XS
SM
MD
LG