Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав таҳримоти якҷонибаи ИА алайҳи Сурияро намепазирад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар Душанбе гуфт, “таҳримоти якҷониба хубӣ надорад ва талоши ҳамкорӣ дар роҳи рафъи буҳронҳоро хароб мекунад.” ИА дар посух ба саркӯбии эътирозҳо ҳалқаи таҳримоташ алайҳи режими Башор Асадро тангтар карда, сар аз имрӯз воридоти нафт аз Сурияро комилан манъ мекунад. ИА ҳамчунин 3 ширкат ва 4 нафари дигар аз Сурияро ба “рӯйхати сиёҳ”-аш ворид кард. Ин рӯйхат акнун тақрибан 50 мақоми Димишқро фаро мегирад. Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Сурия рӯзи ҷумъа боз дастикам 17 эътирозгарро куштаанд. Ҷамъи кушташудаҳо тайи қариб ним соли эътирозҳо алайҳи режими Асад ҳудуди 2200 нафар гуфта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG