Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабқати ошпазӣ дар Кӯлоб


Акс аз бойгонист

Акс аз бойгонист

Рӯзи 3 сентябр дар Кӯлоб сабқати ошпазҳову пешхидматҳои беҳтарини 10 ноҳияи ин минтақаи вилояти Хатлон доир шуд. “Азия Плюс” аз қавли Саидасвар Аламов, сардухтури беҳдоштии минтақаи Кӯлоб ва узви ҳайъати ҳакамони озмуни ошпазӣ хабар дод, ки як шарти сабқат пухтани ош – умдатарин таоми миллии тоҷикӣ - аз 20 кило биринҷ аст. Ин сабқат ба муносибати поёни моҳи шарифи Рамазон ва солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон доир мешавад. Қарор аст, баъди натиҷагирии сабқат ва эътои ҷоизаҳо ба ғолибон тамоми ошеро, ки таббохон аз 10 ноҳияи минтақа омода кардаанд, байни афроди солдида ва ду интернати шаҳру ноҳияи Кӯлоб ва ҳамин тавр, ба тамошобинон тақсим кунанд.
XS
SM
MD
LG