Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони СНГ дар Душанбе идома дорад


Дар Душанбе нишасти ҷашнии сарони кишварҳои ҳамсӯд (СНГ) идома дорад. Дар ин ҳамоиш аз 20 соли фаъолияти ин иттиҳод, ки феълан дар зери чатри худ 11 кишвари шӯравии собиқро муттаҳид мекунад, натиҷагирӣ хоҳанд кард. Аммо дар нишасти Душанбе сарони 3 кишвари узви СНГ – Ислом Каримов, Илҳом Алиев ва Аляксандр Лукашенка ҳузур надоранд. Мизнбони нишаст – раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, то ҳол ҳама зарфиятҳои ин ниҳод истифода нашудааст. Ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев гуфт, СНГ алтернатива надорад. Аммо дар маҳофил ин созмонро як ниҳоди ноқобиле медонанд, ки қарорҳояш бештар рӯи қоғаз мемонад.
XS
SM
MD
LG