Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабзаалӣ Шарифов ба хок супорида шуд


Баргузории намози ҷанозаи Сабзаалӣ Шарифов бо ҳузури Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе. 4 сентябри соли 2011

Баргузории намози ҷанозаи Сабзаалӣ Шарифов бо ҳузури Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе. 4 сентябри соли 2011

Ҷанозаи Сабзаалӣ Шарифов дар оромгоҳи кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Бо дархости бархе аз масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ намози ҷанозаи Сабзаалӣ Шарифовро рӯҳонии саршиноси тоҷик, Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода, дар қароргоҳи ин ҳизб дар Душанберо имоматӣ кард. Вай ҳангоми суханронӣ аз ҷаноби Шарифов ба унвони "шаҳид" ном бурд.

Ҳамчунин дар ин маросим Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон сӯҳбат ва ҷузъиёти сониҳаи нақлиётиро, ки боис ба марги Сабзаалӣ Шарифов шуд, нақл кард. Сабзаалӣ Шарифов, ки субҳи рӯзи сеюми сентябр ҳамроҳи Сайидумар Ҳусайнӣ ва ду тани дигар барои дидору гуфтугӯ бо сокинони Файзобод ба ин ноҳия мерафт, дучори сониҳаи нақлиётӣ шудааст.



Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули ҲНИТ мегӯяд, ин воқеа дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод рух дода, дар натиҷа Сабзаалӣ Шарифов ҳалок ва Сайидумар Ҳусайнӣ ҷароҳат бардоштааст.

Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, як масъули ҳукумати ноҳияи Файзобод, ки намояндагони Ҳизби наҳзати исломиро ҳамроҳӣ мекард, низ захмӣ шудааст. Ба қавли ӯ, ҳоло мақомот сабабҳои рух додани ин сониҳаро таҳқиқ мекунанд.

Сабзаалӣ Шарифов
Сабзаалӣ Шарифов раҳбарии шӯъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказро бар ӯҳда дошт. Вай 20-уми апрели соли 1961 дар деҳаи Боғчаи ноҳияи Ховалинг дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, пас аз хатми мактаби миёна шомили Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мешавад ва онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм мекунад.

Аз солҳои аввали таъсиси ҲНИТ ӯ ба ин ҳаракат мепайвандад ва то лаҳзаи маргаш яке аз аъзои фаъоли ин ҳизб будааст. Сабзаалӣ Шарифов, ки аз ӯ гоҳо ба унвони "қумондон Сабзаалӣ" ҳам ном мебаранд, пас аз имзои созишномаи сулҳ дар ҲНИТ масъулиятҳои мухталифро бар ӯҳда дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG