Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми нишасти сарони ИДМ. Бо баъзе "саҳнаҳои доғ"


Сарони кишварҳои узви ИДМ

Сарони кишварҳои узви ИДМ

Нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе бо тасвиби 11 санад анҷом ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пас аз анҷом нишаст ба хабарнигорон нишасти сарони ИДМ дар Душанберо на фақат натиҷадор, балки аз нигоҳи баррасии дурнамо хеле муҳим унвон кард.
Салоҳиятҳои ин ташкилотро аллакай тақсим кардаанд. Дар натиҷа иттиҳод ҳам беқурб шуд...


Ҷаноби Раҳмон афзуд, ширкатдорони нишаст изҳороти муштаракеро ба муносибати 20-солагии таъсиси ИДМ ва гузориши таҳлилии "Натиҷаҳои фаъолияти ИДМ тайи 20 сол ва вазифаҳо барои дурнамо" қабул карданд. Ҳамчунин Созишномаи абадӣ кардани хотираи мардонагӣ ва қаҳрамонии халқҳои ИДМ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945, Барномаи ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ барои муборизаи муштарак алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ барои солҳои 2012-2014 - ро ба тасвиб расонданд. Созишномаи таъсиси навбатдорони мудофиаи зиддиҳавоии нерӯҳои кишварҳои ИДМ ҳангоми гирифтани иттилоъ ё рабудани ҳавопаймо, Нақшаи тадобир барои амалӣ кардани консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, Созишномаи ҳукумати Русия ва ИДМ дар бораи шароити будубоши хадамоти ҳамоҳангсози фармондеҳиҳои марзбонӣ дар ҳудуди Русия низ аз санадҳоеанд, ки зимни ин нишаст ба имзо расидаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бар зарурати минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва ҳам ворид кардани навовариҳо ба иқтисоди миллӣ, бахусус саноати қафомондаи кишварҳо таъкид кард.

Дар натиҷаи баррасиҳои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе бо иттифоқи назар аз 1 январи соли оянда раёсати иттиҳодро аз Тоҷикистон ба Туркманистон вогузор карданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар чаҳорчӯби иҷрои Нақшаи тадобири асосии амалӣ кардани Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ сурат мегирад. Вай афзуд, ҳадафи ин ҳуҷҷат боло бурдани муассирии фаъолияти ИДМ аст ва ҳамоно ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дода мешавад.



Сергей Лебедев, котиби иҷроияи ИДМ, ки раисҷумҳури Тоҷикистонро дар нишасти матбуотӣ ҳамроҳӣ мекард, низ бар ин нукта таъкид кард, ки дар Иттиҳод мушкилот мавҷуданд, аммо мо онҳо на пинҳон, балки баррасӣ мешаванд: "Иттиҳод ба пеш ҳаракат дорад. Имрӯз сарварони ҳайатҳо на фақат зарурати ҳифз, балки таҳкими минбаъдаи ИДМ-ро зикр карданд. Гузашта аз ин, бархе иҷрои бархе барномаҳои ҳамкорӣ на то соли 2020, балки барои дарозмуддат то соли 2025 ба назар гирифта шуданд. Ин моро умедвор мекунад."

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маҳофили сиёсӣ ояндаву фаъолият ва нақши муассири ИДМ дар ҳаёти кишварҳоро таҳти суол қарор медиҳанд. Аксарият бар ин иттифоқи назар доранд, ки дар ин чорчӯба мухолифатҳои ҷиддии миёни аъзо на фақат ҳал, балки ба баррасӣ низ гирифта намешаванд.

Сафват Бурҳонов, коршиноси умури сиёсӣ мегӯяд, ИДМ идомаи мантиқии Иттиҳоди Шӯравӣ бояд мебуд, аммо ба миён омадани созмонҳои дигар дар ин фазо, аз қабили Иттиҳоди Авруосиё, СПАД, Иттиҳоди гумрукӣ ва иттиҳоди ниҳоинашудае ба номи ГУАМ, ин иттиҳодро ба доруи бетаъсире табдил доданд: "Салоҳиятҳои ин ташкилотро аллакай тақсим кардаанд. Дар натиҷа иттиҳод ҳам беқурб шуд. Агар аз баҳри он ташкилотҳо гузаранду ҳамаро дар ИДМ муттаҳид кунанд, бидуни шак, созмоне дар дурнамо қавитар аз Иттиҳоди Аврупову НАТО хоҳад шуд. Дар ин фазо як ташкилот бояд бошад."

Дар зимн, ба нишасти Душанбе раисҷумҳурони Узбакистон, Озарбойҷон ва Белорус ширкат надоштанд, ки ба қавли коршиносон, далели умдаи камтаъсирии ин иттиҳод ҳадди ақалл дар дохили худ аст.



Аммо Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили байнулмилалии нашрияи "Время новостей"-и Русия мегӯяд, ширкати накардани раҳбарони ин кишварҳо бо далоили як дараҷа мантиқӣ асоснок мешавад: "Умуман ягон нишастеро дар ёд надорам, ки ҳамаи раҳбарон ҳузур дошта бошанд. Шояд буданд ин гуна нишастҳо, аммо тайи ду соли ахир дар ёд надорам, ки ҳама ҳузур дошта бошанд. Ягон чизи махсус дар ин нест. Бубинед, чӣ даргириҳо миёни арманиҳову озариҳо рух медиҳанд. Мушкилоти миёни Душанбеву Тошкандро ҳам мебинед. Шояд раҳбарони Озарбойҷону Узбакистон аз як мавриди дигари мухолифат худро махсус канор мегиранд? Лукашенко барои он наомад, ки воқеан вазъи иқтисоди кишвараш хеле вазнин аст. Бояд он ҷо бошад ва мушкилашро ҳал кунад. Яъне қарори ӯ далели қавӣ ва мантиқӣ дорад."

Зимнан, тибқи иттилои ғайрирасмӣ, нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе бидуни саҳнаҳои «доғ» анҷом наёфтааст. Аз ҷумла дар бораи бигӯмагӯи навбатии сарварони ҳайъатҳои Озарбойҷону Арманистон ва ҳам дар ҳошияи нишаст ба ҳам мулоқот накардани раҳбарони Украинаву Русия гуфта мешавад.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, як қатор масоили ҳаётие дар фазои ИДМ вуҷуд доранд, ки танҳо дар доираи ин иттиҳод ҳал мешаванд. Онҳо муҳоҷирати кориро мисол меоранд, ки шаҳрвандони кишварҳо то ба ҳол танҳо дар доираи тавофуқот дар чаҳорчӯби ИДМ ҳуқуқи аз як кишвар ба кишвари дигар рафтанро доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG