Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо воридоти нафти Сурияро бас мекунад


Иттиҳодияи Аврупо имрӯз эълом дод, ки бо манъи воридоти нафт аз Сурия таҳримот алайҳи ин кишварро тақвият бахшидааст. Вале таҳримот баъди иҷрои қарордодҳои мавҷуда то миёнаҳои моҳи ноябр мавриди иҷро қарор мегирад. Сеяки даромади давлати Сурия аз ҳисоби фурӯши нафт аст ва харидори аслии нафти он ҳам кишварҳои Аврупо ҳастанд. Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба саркӯби бераҳмонаи тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ ҳамчунин чаҳор мақоми расмии Сурияро ба феҳрасти онҳое ворид кард, ки вурудашон ба Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ аст ва ҳисобҳояшон ҳам масдуд мешавад. Айни замон мудофеъони ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, дар амалиётҳои ахир сарбозони давлат 13 нафар аз тазоҳургарони зиддидавлатиро куштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG