Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири энержии Русия барномаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро “як тарҳи бузург ва ҳассос” номид.

Сергей Шматко, вазири энержии Русия мегӯяд, кишвараш дарк мекунад, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои Тоҷикистон муҳим аст, вале айни замон иҷрои ин тарҳ бояд тавре сурат бигирад, ки ба дигарон осеб нарасад.

Сергей Шматко, ки дар як нишасти хабарии барномарезношуда дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, “Русия медонад, ки мардум ва саноати Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд ва бунёди Роғун имкон медиҳад, иқтисоди Тоҷикистон қавӣ ва нерӯи содиротиаш бештар шавад ва кишвар ба бозори минтақаии энержӣ роҳ ёбад.”

Аммо гуфт Сергей Шматко, масъалаи ҳамкориҳо дар арсаи обу энержӣ дар минтақа бисёр ҳассос аст ва аз ин рӯ бояд зимни бунёди Роғун тавре рафтор кард, ки “ба дигарон осеб нарасад.” Зоҳиран манзур Ӯзбакистон ва худи Русия аст, ки аз бозигарони аслии бозори энержӣ дар Осиёи Марказист.

Дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи “Миллат”, ки чаро Русия худро шарики стротегии Тоҷикистон мехонад, вале аз мавқеъи Ӯзбакистон мухолифи сарсахти тарҳи Роғун ҳимоят мекунад, Сергей Шматко посухи мустақиме надод, вале гуфт, “ин масъалаи ҳассос ва тарҳи бузург аст ва дар сурати ҳамоҳангсозии масъала мисли “замони шӯравии собиқ” ва вуҷуди “муодилаи муаяйн” корҳо метавонист, дар ин самт пеш биравад."

Русия дар гузашта созишномае барои бунёди Роғун бо Тоҷикистон имзо кард, аммо баъди бознигарӣ дар шартҳои қарордод ва тӯл кашидани иҷро, Тоҷикистон ин созишномаро беэътибор эълом кард. Кишварҳои поёонби Осиёи Марказӣ бахусус Ӯзбакистон мегӯяд, дар сурати бунёди Роғун киштзорҳои васеъи онҳо беоб мемонад.

Нерӯгоҳи Роғун бо тавоноии 3600 мегават дар сурати бунёд Тоҷикистонро бо нерӯи кофии барқ таъмин хоҳад кард ва ҳам имкон хоҳад дод, солона миллиардҳо киловат соат нерӯи барқ ба хориҷ фурӯхта шавад. Афғонистону Покистон аз муштариёни асоси барқи Тоҷикистон хонда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG