Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созишнома дар бораи фурудгоҳи Айнӣ имзо мешавад


Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия мувофиқат кардаанд, соли оянда созишномаи нав барои истифодаи фурудгоҳи ҳавоии Айнӣ имзо шавад. “Интерфакс” бо такя ба як манбаъ дар вазорати дифоъи Русия навиштааст, қарордод доир ба истифодаи муштараки фурудгоҳи Айнӣ бо кишварҳои саввум соли оянда имзо мешавад. Маълум нест, манзур аз кишварҳои саввум кадом кишварҳост, аммо фурудгоҳи низомии мазкур дар ҳошияи шаҳри Душанберо давлати Ҳинд бо масрафи бештар аз 72 миллион доллар тармиму навсозӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG