Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломи Туркия доир ба равобиташ бо Исроил


Туркия эълом кард, муносиботи дипломатиашро бо Исроил поин мебарад, аз он хотир ки Исроил барои ҳамлаи маргбораш ба киштии ҳомили кӯмакҳои башарии озими Навори Ғазза ва қатли ҳашт турк ва як турктабори Амрикоро узр нахост. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, кишвараш сафири Исроилро аз Истанбул хориҷ кардааст ва афзуд: "Муносиботи дипломатии Туркия ва Исроил ба сатҳи кордори дуввуми сафоратҳо поин оварда шуд. Тамоми кормандони болотар аз ин ҳадди аққал то рӯзи чаҳоршанбе ба кишварҳои худ бармегарданд. Иҷрои тамоми созишномаҳои низомии Туркия ва Исроил муттавақиф карда мешавад." Дар гузориши Созмони Милал доир ба ин ҳамла омадааст, “агарчӣ юриши Исроил ба киштӣ дар соли 2010 қонунӣ буд, вале нерӯҳои исроилӣ дар ин ҳамла бедалел аз хушунат ва нерӯи беш аз ҳад истифода кардаанд.“ Амалиёти мазкур рӯзи 10 май аз тарафи нерӯҳои махсуси Исроил ва дар обҳои байналмилалӣ сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG