Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду мақоми қирғиз барои қочоқи бензин ба Тоҷикистон


Ду мақоми расмии Қирғизистонро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон боздошт кардаанд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Улан Бобоев, аз раёсати пулиси молӣ ва Нуродил Токтосунов аз раёсати гумрук аввали ҳамин ҳафта боздошт шуданд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ин ду нафар бо сӯистифода аз салоҳиятҳои худ, барои содироти бензин ба Тоҷикистон санадҳои тақаллубӣ омода мекардаанд.
XS
SM
MD
LG