Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Поёни бозии миёни Тоҷикистону Узбакистон: 0-1


Варзишгоҳи "Металлург", шаҳри Турсунзода, 2 сентябр
Варзишгоҳи "Металлург", шаҳри Турсунзода, 2 сентябр

Бозии миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Узбакистон бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи меҳмонон анҷом ёфт.

Сабти лаҳза ба лаҳзаи бозии миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбакистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и Турсунзода.

Дар дақиқаҳои аввали бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар рақиби худ бартарӣ дошт, аммо кам муяссар мешуд, ки ба сӯи дарвозаи дастаи Узбакистон зарба зада шавад.

16:54 - Маҳмадалӣ Содиқов лат хӯрд, вале пас аз чанд лаҳза ба майдон баромад.

16:56 - Бозигарони дастаи Узбакистон ба дарвозаи тими Тоҷикистон ҳуҷум мекунанд, вале ноком мешаванд...

16: 59 - Александр Гейнрих ба назди табибон омад. Шояд лат хӯрда бошад ё шояд аз гармии офтоб аз бинияш хун меояд.

17:01 - Бозии миёни тимҳои Тоҷикистону Узбакистон шавқовар барои мухлисон ва бо асабонияти сармураббиёни ду даста ҷараён дорад. Вале ҳанӯз ҳисоб 0:0 аст...

17:04 - Бозигарони Узбакистон ба дарвозаи тими Тоҷикистон ҳуҷум мекунанд, вале дарвозабон намегузорад, то ба дарвоза гол зада шавад.

17:05 - Олимҷон Рафикоф аз иштибоҳҳои бозигарони дастааш асабонӣ мешавад...

17: 06 - Бозигарони дастаи Тоҷикистон, аз ҷумла Нӯъмонҷон Ҳакимов натавонистанд фурсатро истифода карда, ба дарвозаи меҳмонон гол бизананд.

17:07 Зарбаи Александр Гейнрих аз тими Узбакистон аз назди симчӯби дарвозаи тими Тоҷикистон гузашт. Бахти тими Тоҷикистон хандид...

17:08 Нуриддин Давронов қоидаи бозиро вайрон мекунад, вале корти зард нагирифтааст...

17:10 Дақиқаи 41 бозӣ. Қоидаи бозӣ аз ҷониби Александр Гейнрих вайрон мешавад. Ҳарду даста хуб бозӣ мекунанд, вале то ҳанӯ голе зада нашудааст. Ҳоло бозигарони дастаи Тоҷикистон ҳуҷум мекунанд. Онҳо зарбаи ҷаримавӣ мезананд. Тӯбро тими меҳмонон баргардонданд...

17:12 Бозигарони ҳарду даста дар нимаи дуввум тамоми нерӯи худро ба кор хоҳанд бурд. Он тақдири бозиро ҳал хоҳад кард... Маҳмадалӣ Содиқов зарба назад ва тӯбро ба бозигарони тими Узбакистон дод

17:15 Дақиқаи охирии қисми аввали бозии миёни Тоҷикистону Узбакистон.

17:15 Вақти изофӣ эълон шуд.


Қисми дуввуми бозӣ:

Ду бозигари тими Узбакистон иваз шуд ба ҷои рақами 14 Станислав Андреев рақами 17 Санҷар Турсунов ва ба ҷои рақами 22 Виктор Карпенко рақами 18 Темур Кападзе ба майдон омад.

17:36 Дилшод Восиев омодагӣ мебинад, то яке аз бозигарони тими Тоҷикистонро иваз кунад

Дақиқаҳои аввали бозӣ бо бартарии тими меҳмон ҷараён дорад.

17:39 Нӯъмонҷон Ҳакимовро Дилшод Восиев иваз мекунад.

17:41 Мухлисон дастаи Тоҷикистонро пуштибонӣ мекунанд, парчамҳои Тоҷикистон бардошта мешавад.

17:46 Футболбозони тими Узбакистон ҳуҷум мекунанд. Вале комёб намешаванд...

17:47 Маҳмадалӣ Содиқовро Иброҳим Рабимов иваз кард

17:48 Ҳуҷуми дастаи Тоҷикистон ба дарвозаи тими Узбакистон ҳарчанд мавҷи мухлисонро ба по бархезонд...
Дилшод Восиев тӯбро ба Юсуф Рабиев ҳаво дод, вале зарбаи сусти Рабиев нагузошт, ки тӯб вориди дарвозаи тими Узбакистон шавад.

17: 51 Дилшод Восиев ҳамаи мухлисонро ба фарёд овард, вале тӯбро ба самар расонанд. Бо ин ҳол, бозӣ бо шавқ ҷараён дорад. Бозигарони тими Узбакистон хеле хуб бозӣ дорад. Ҳуҷумҳои пайдарпай ба дарвлозаи тими Узбакистон мухлисонро бетоқат кардааст...

17:53 Дар ҳайъати бозигарони тими Узбакистон Улуғбек Бақоев Сарвар Ҷепаровро иваз кард. Сарвар Ҷепаров капитани дастаи Узбакистон аст.

17:55 Илҳомҷон Ортиқов таҳти рақами 19 ба ҷои Фатҳулло Фатҳуллоев таҳти рақами 18 ба майдон баромад.

17:57 Дақиқаи 70 бозӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон. Ҳанӯз ҳисоб 0:0 аст. Ҳоло ҷаримаи 11 метра. Сардовар аз Чин ҷаримаи 11 метра таъин кард ба дарвозаи Тоҷикистон. Алишер Тӯйчиев дарвозабони дастаи Тоҷикистон аст. Зарба, гол.

Голи аввалро Максим Шатских аз тими Узбакистон зад. Таҳти рақами 16

18:00 Ҳисоб миёни Тоҷикистону Узбакистон 0:1 ба фоидаи Узбакистон аст.

18:01 Тими Тоҷикистон ҳуҷумро идома медиҳад, вале боз ҳам бенатиҷа

18:03 Александр Гейнрих як зарбаи сахту ногаҳоние ба дарвозаи тими Тоҷикистон зад, вале ба ҳадаф нарасид...

18:04 Зарбаи зебои Дилшод Восиев. Вале дарвозабони тими Узбакистон тӯбро дошт.

18:09 Қоидаи бозиро бозигари тими Узбакистон Александр Гейнрих дағалона вайрон кард ва корти зард гирифт.

18:10 Зарбаи ҷаримавӣ. Зарбаи бозигари тими Узбакистонро дарвозабони тими Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев баргардонд.

18:12 Шавкат Муллоҷонов аз тими Узбакистон лат хӯрд. Вай пас чанд лаҳза дубора ба майдон омад.

18:16 Як бозигари тими Узбакистон бозиро дағалона вайрон кард. Сардовар корти зардро нишон дод, вале зарбаи ҷаримавӣ эълон кард. Зарбаи олиҷаноб, вале дарвозабони тими Узбакистон нагузошт, ки он вориди дарвоза бишавад. Зарбаро Дилшод Восиев зад.

18:18 Ҳамаи бозигарон дар назди дарвозаи тими Узбакистон ҷамъ омадаанд. Табибон ба дарвозабони тими Узбакистон кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Боз дарвозабон ҷояшро мегирад.

18:19 Мухлисони тими мунтахаби Тоҷикистон бо нидои Гол Гол Гол фарёд мезананд ва ҳамин тавр мехоҳанд рӯҳи бозигаронро болида гардонанд.

18:20 Навад дақиқаи бозӣ ба анҷом расид. Се дақиқа вақти иловагӣ таъйин шуд...

18:21 Бозии миёни тимҳои Тоҷикистону Узбакистон ба поён расид. Ҳисоб 1:0 аст, ба фоидаи Узбакистон.

Ҳайати дастаҳо:

Тоҷикистон:


Алишер Тӯйчиев (1)
Соҳиб Сувонқулов (3)
Эраҷ Раҷабов (4)
Давронҷон Эргашев (6)
Маҳмадалӣ Содиқов (8)
Нуриддин Давронов (9)
Ҷаҳонгир Ҷалилов (10)
Фарҳод Восиев (12)
Фатҳулло Фатҳуллоев (18)
Нӯъмонҷон Ҳакимов (21)
Юсуф Рабиев (22 - капитани даста)

Бозигарони эҳтиётӣ:

Фаррух Чориев (2)
Одил Эргашев (5)
Иброҳим Рабимов (7)
Фарҳод Тоҳиров (11)
Сафаралӣ Каримов (13)
Акмал Сабуров (14)
Умед Ҳабибуллоев (15)
Алишер Додов (16)
Дилшод Восиев (17)
Илҳомҷон Ортиқов (19)
Хуршед Маҳмудов (20)
Владимир Сисоев (23)

Узбакистон:

Игнатий Нестеров (12)
Шавкатҷон Муллоҷонов (3)
Азизбек Ҳайдаров (7)
Сарвар Ҷепаров (8 - капитани даста)
Одил Ахмедов (9)
Станислав Андреев (14)
Александр Гейнрих (15)
Максим Шатских (16)
Виталий Денисов (19)
Ислом Тухтахӯҷаев (20)
Виктор Карпенко (22)

Бозигарони эҳтиётӣ:

Муродҷон Зуҳуров (1)
Анзур Исмоилов (2)
Улуғбек Бақоев (10)
Баҳодур Насимов (11)
Лутфулло Тӯраев (13)
Санҷар Турсунов (17)
Темур Кападзе (18)
Виктор Мочалов (11)
XS
SM
MD
LG