Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Хатлон 7 нафарро ба зиндон маҳкум кард


Додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт нафар аз тарафдорони фармондеҳи ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиевро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Ба гузориши хабарнигори Радиои Озожӣ, дар Хатлон ҳар яке аз ҳафт нафар, бо гуноҳи таъсиси гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, роҳзанӣ, талош барои ғасби қудрат ба 14 солии зиндон маҳкум шуданд. Тоҳир Ҳамзаев, додраси мурофиа ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти қонуни авф ҷазои ин афродро сабуктар кардаанд: "Шонздаҳ сол ҳукми зиндон гирифтанд ва бо назардошти Қонуни авфи умум ду солӣ кам карда шуд. Ҳукм то 10 рӯзи дигар мавриди иҷро қарор мегирад." Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин ҳафт нафар ба гурӯҳи полковники ошӯбгар, Маҳмуд Худойбердиев пайвастаанд, ки ду дафъа аз ҷумла дар соли 1998 алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ошӯб бардошт, вале ҳарду дафъа шикаст хӯрд ва ба гуфтаи мақомот ҳоло дар Ӯзбакистон паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG