Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши СММ дар бораи юриши Исроил нашр мешавад


Қарор аст, имрӯз Созмони Милали Муттаҳид гузориши ҳайъати таҳқиқии ҳамлаи Исроил ба киштии ҳомили кӯмак ба мардуми Ғазза нашр кунад. Дар ин гузориш, ки нусхаи онро пешакӣ дастрас кардааст, гуфта мешавад, “агарчӣ юриши Исроил ба киштии таҳти парчами Туркия қонунӣ буд, вале нерӯҳои исроилӣ дар ин ҳамла бедалел аз хушунат ва нерӯи беш аз ҳад истифода кардаанд.“ Дар ин ҳамла дар соли ин 2010, 8 шаҳрванди Туркия ва як турктабори Амрико кушта шуд ва ин моҷаро сабаби тирагии равобит миёни Исроилу Туркия шуд. Айни замон дар гузориши Созмони Милал омадааст, ки “мусофирони киштии ҳомили кӯмак бо рахнаи муҳосираи Ғазза, “беэҳтиётӣ” кардаанд ва нерӯҳои исроилӣ ҳам зимни фуруд ба киштӣ ба муқовимати хушунатбор аз тарафи гурӯҳи мусофирон рӯ ба рӯ шудаанд. Туркия аз Исроил хоста буд, барои ин рафтораш маъзараш бихоҳад, вале Исроил ин корро накард.
XS
SM
MD
LG