Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду гумонбар дар лату кӯби Хуршеди Атовулло


Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж"

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж"

Ду нафар ба гумони даст доштан дар лату кӯби сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, Хуршеди Атовулло, боздошт шудаанд. Идораи умури дохилаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯяд, ба зудӣ афроди дигаре ҳам, ки рӯзи Иди Фитр, 31-уми август, Хуршеди Атовулло ва ду тан аз ҳамронашро мавриди лату кӯб қарор додаанд, боздошт хоҳанд шуд. Хуршеди Атовулло дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, субҳи рӯзи 2 сентябр ӯро низ ба Идораи умури дохилаи ноҳияи Сино даъват кардаанд. Эҳтимол сабаби даъвати ӯ ба идораи пулиси ноҳияи Сино шиносоӣ аз боздоштшудагон бошад. Дар пайи мавриди лату кӯб қарори гирифтани сардабири ҳафтаномаи "Фараж" пулиси Сино таҳқиқи ин қазияро ба ӯҳда гирифта буд.
XS
SM
MD
LG