Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯстони Либия" сармояи Қаззофиро ба ошӯбгарон медиҳанд


Сарони кишварҳои олам пуштибонии худ аз Шӯрои миллии гузори Либияро дар Порис эълом доштанд.

Ҳайъатҳои 60 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ, ба шумули СММ, Иттиҳодияи Аврупо, Иттиҳодияи Африқо ва Лигар кишварҳои араб дар шаҳри Порис дар нишасти байнулмилалии кишварҳои дӯсти Либия ширкат намуда, аз фардои бидуни Муаммар Қаззофӣ ҳарф заданд.

Дэвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, ки ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ раёсати нишастро ба ӯҳда дошт, дар ҳузури раҳбари Шӯрои миллии гузори Либия Мустафо Абдулҷалил ва нахуствазири Шӯро Маҳмуд Ҷабраил изҳор намуд, ки раҳбарони муваққати Либия дар роҳ сӯи озодӣ ва демократия аз пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархурдор хоҳанд буд.

Ба гуфтаи ӯ, “дар конфронс ба Мустафо Абдулҷалил ва Шӯрои миллии гузори таҳти раҳбарии ӯ, ки бо такя ба талошҳои мардуми Либия дар назди худ ҳадафи рӯшан - тағйироти сиёсии демократиро гузоштанд, ваъдаи пуштибонӣ дода шуд."

Маҳмуд Ҷабраил, нахуствазир дар Шӯрои миллии гузори Либия, изҳор намуд, ки “пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз мардуми Либия ва ҷасорати либиягиҳо орзуи онҳоро ба воқеият табдил кард”.

Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, эълон дошт, ки ба таври фаврӣ 15 миллиард доллар аз ҳисобҳои бонки мунҷамидшудаи ҳукумати Либия фаъол ва дар ихтиёри Шӯрои миллии ошӯбгарон гузошта шуданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дар ин нишаст гуфт, маъракаи низомии эътилофи байнулмилалӣ то он замоне, ки ба ҳаёти мардуми осоиштаи Либия хабар таҳдид мекунад, бояд идома ёбад. Ӯ афзуд, ки таҳримҳои СММ алайҳи Либия низ бояд лағв карда шаванд.

Зимнан, дирӯз Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои зидди 28 воҳиди иқтисодии Либия - бандарҳо, бонкҳо ва ширкатҳои нафту газро бекор кард. Раҳбарони кишварҳо ҳамчунин ваъда доданд, ки ҳарчӣ зудтар кори сафоратҳояшон дар Либияро дубора ба роҳ мемонанд.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун изҳор намуд, ки раҳбарони муваққати Либия бояд феҳристи манотиқеро таҳия кунанд, ки он ҷо пуштибонии байнулмилалӣ дар давраи омодагиҳо ба интихоботи давраи гузариш дар Либия зарур аст. Ҳамзамон ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Либия дар вартаи бӯҳрони башарӣ қарор дорад ва мардуми кишвар ба таври фаврӣ бояд бо маводи озуқаву дорувор ва оби пок таъмин шаванд.

Аммо ба назар мерасад, ки вазъ дар Либия боз чанд муддат печидаву хушунатбор боқӣ хоҳад монд. Дирӯз Муаммар Қаззофӣ бори дигар аз ҷонибдоронаш хост, ки то пирӯзӣ бо ошӯбгарон дар набард бошанд. Аз ин пештар писари ӯ Сайфулислом ҳам эълом дошт, ки ҷонибдорони Қаззофӣ то лаҳзаи охир бо ошӯбгарон меҷанганд. Ба назар мерасад, ки фақат дигар аз писарони Қаззофӣ – Саъдӣ хостори хатми хушунат аст – хабаргузориҳо аз музокироти ӯ бо фармондеҳони Шӯрои милли гузор иттилоъ додаанд. Зимнан, макони зисти Қаззофиву писаронаш то ҳол маълум нест.
XS
SM
MD
LG