Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармояи ҳукумати Қаззофиро ба ошӯбгарон медиҳанд


Дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба фардои Либия дар шаҳри Порис ваъда дода шуд, ки ҳисобҳои бонкии мунҷамидшудаи ҳукумати Либия дубора фаъол мешаванд. Дар ин ҳисобҳо даҳҳо миллиард доллар маҳфуз аст.

Ба гуфтаи Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ки ҳамроҳ бо нахуствазири Бритониё Дэвид Камерон раёсати нишастро бар ӯҳда дошт, ҳайатҳои тақрибан 60 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ дар мавриди фаъол кардани ҳисобҳои бонкӣ ва барои рушди Либияи нав равона кардани сармояи онҳо ба созиш расиданд.

Раҳбарони кишварҳо ҳамчунин ваъда доданд, ки ҳарчӣ зудтар кори сафоратҳояшон дар Либияро дубора ба роҳ мемонанд.

Ба гуфтаи Саркозӣ ва Камерон, маъракаи низомии НАТО дар Либия то замоне идома хоҳад кард, ки хатари Муаммар Қаззофӣ ва атрофиёнаш барои мардум рафъ шавад.

Дирӯз Қаззофӣ аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки муқовимат бо ошӯбгаронро идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG