Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони полиси қирғиз дар куштор гумонбар мешаванд


Додситонии кулли Қирғизистон алайҳи чаҳор корманди полис дар робита ба марги шаҳрванди ӯзбактабори Русия Усмонҷон Холмирзоев парвандаи ҷиноӣ боз кард. Онҳо дар шиканҷа, сӯиистифода аз мақом ва тамаъкорӣ гумонбар мешаванд.

Усмонҷон Холмирзоев рӯзи 7 августи соли равон бо гумони ширкат дар бенизомиҳо дар ҷануби Қирғизистон дар тобистони соли гузашта ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Бозор-Коргони вилояти Ҷалолобод оварда шуд.

Баъди бозпурсӣ ӯ ба пайвандонаш гуфт, ки кормандони милиса шиканҷааш кардаанд. Ду рӯз баъд Холмирзоев дар бемористони вилоятии Ҷалолобод аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG