Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду нафар дар ҳамлае дар Хайбар-Пахтунхва


Дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, бар асари ҳамлаи маргталабона ду кас кушта ва 14 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, кормандони полис хостанд, ки дар постгоҳ як мошинро барои тафтиш нигаҳ доранд ва аммо ронанда амрро нодида гирифт ва мошинро инфиҷор кард.

Бар асари таркиш ба тақрибан 20 манзил ва дуконҳои атроф осеб расид.
XS
SM
MD
LG