Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни Сурия саркӯбсозии эътирозҳоро идома медиҳанд


Дар Сурия бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозии мухолифини ҳукумат дасти кам панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар минтақаи Ҳомс низомиён сӯи тазоҳургарон оташ кушоданд ва се нафарро кушта, чанд тани дигарро захмӣ карданд. Дар мавзеъи Ал-Рама, воқеъ дар марзи Туркия, бар асари тирандозӣ аз сӯи низомиёну кормандони амниятӣ як нафар ба ҳалокат расид. Бз як нафари дигар, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар Дайр-уз-Зор ҳадафи тир қарор гирифт.

Ба иттилоъи СММ, бар асари саркӯбсозии намоишҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад беш аз дуву ним ҳазор сокинони Сурия ҷон бохтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG