Пайвандҳои дастрасӣ

“Викиликс” бо чопи бастае аз мукотибаҳои маҳрамонаи дипломатҳои Амрико марзбонони тоҷикро нороҳат кард.

Дар ин мукотибаи маҳрамона дипломатҳои амрикоӣ доир ба ҳоли зори сагҳои бӯйгире сӯҳбат мекунанд, ки ба ҳайси дастёрони бисёр хуб барои кашфи маводи мухаддир ба марзбонони тоҷик дода шудааст. Ва зикр мегардад, ки баъзе аз марзбонони тоҷик, бачаҳои ин сагҳои бӯйгирро барои фоидаи хусусӣ мавриди тиҷорат қарор додаанд ва ё рафтори хубе бо онҳо надоштаанд.

Дар ин мукотиба мехонем, дипломатҳои Иёлоти Муттаҳида дар моҳҳои октябр ва ноябр зимни сафар ба дидбонгоҳҳои марзии Баҳорак ва Боғ дар ҷануби кишвар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мушоҳида кардаанд, ки “сагҳои бӯйгирро берун аз дидбонгоҳ дар ҳавои сард ба ҳайси посбон гузоштаанд, ки ба аъзои шомма ва ё ҳисси бӯйгирии онҳо таъсири бад мегузорад”.

РАДДИ НОМАИ ВИКИЛИКС

Аммо Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар як баёнияи расмии матбуотӣ ин иддаъоҳоро рад карда ва гуфтаҳои дипломатҳои Амрикоро мояи тааҷҷуб хонд.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи раёсати мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин навиштаҳо ягон асос надоранд, чунки Бюро оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар муддати ҳамин солҳо ба сарҳадбонони тоҷик умуман ягон саг надодааст. Сарҳадбонони тоҷик дар ин дидбонгоҳҳо сагҳои хидматиро нафурӯхтаанд, чунки онҳо дар дидбонгоҳҳои Боғу Баҳорак умуман саг надоштаанд.”

Дар воқеъ, дар ин мукотибаи маҳрамона мустақим гуфта нашудааст, ки дафтари мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Вазорати умури хориҷаи Амрико ба марзбонони тоҷик сагҳои бӯйгир ҳадя кардааст. Дар мукотибот ба тарҳе ишора мешавад, ки бо кӯмаки молии Амрико иҷро шудааст ва бар асоси он тарҳ ба марзбонони тоҷик сагҳои хидматӣ додаанд. Вале ончӣ маълум аст, Муассисаи мубориза бо ҷурму ҷиноят ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал барои иҷрои барномаҳои тақвияти посбонии марзи Тоҷикистон ва муқобила бо қочоқи маводи мухаддири афғонӣ маҳз аз Вазорати умури хориҷаи Амрико кӯмакҳои молии бештар гирифтааст.

САГҲОИ БӮЙГИРИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН

Муассисаи мазкур соли 2005 барои тақвияти назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон тарҳеро бо арзиши бештар аз 4 миллион доллар иҷро мекард, ки як бахши он тақвияти воҳиди махсуси сагҳои бӯйгир ва ё хидматист. Як манбаъи мӯътамад, ки дар барномаҳои байналмилалии тақвияти посбонии марзи Тоҷикистон кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ Муассисаи мубориза бо ҷурму ҷиноят ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 10 саги бӯйгир ҳадя карда буд.

Кристер Браннеруд, раҳбари дафтари ин созмон дар Душанбе ин гуфтаро таъйид кард ва афзуд: “Бале сад дарсад, ин барнома аз тарафи Амрико маблағгузорӣ мешуд ва соли 2005 амалӣ гардид. Бар асоси он ба марзбонони тоҷик сагҳои бӯйгир дода шуд. Аммо теъдоди онҳоро намедонам, 10 ё 9 то буд, муҳим нест. Дар воқеъ мо ба онҳо саг додем. “

ҒАМХОРИИ ҲАМСАРИ САФИРИ ФАРОНСА


Ончӣ дипломатҳои амрикоиро бисёр нороҳат кардааст, истифодаи ғайриҳадафмандонаи сагҳои бӯйгир аз тарафи марзбонони тоҷик будааст, ки ба онҳо ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир додаанд. Дар воқеъ, моҷарои нигоҳубини номуносиби ин сагҳои хидматии ҳадяшуда дар Тоҷикистон нав нест ва ҳанӯз соли 2008 Ден Макдауел, хабарнигори рӯзномаи бритониёии “Дейлӣ Майл” дар як гузориши пажӯҳишӣ ба ин мушкил ишора кардааст.

Дар ин мақола омадааст, “як корманди тарҳи муқобила бо қочоқи маводи мухаддир гуфт, марзбонони тоҷик, ки маоши ночиз мегиранд, ғизои сагҳои хидматиро мефурӯхтаанд ва ин ҳайвонҳоро гурусна мегузоштаанд.” То ҳадде, ки ҳамсари сафири Фаронса дар Душанбе барои хӯронидани ин ҳайвоноти бечора пул ҷамъ кардааст.

АЗ 50 ТО 100 $ БАРОИ ЯК САГ

Дар зимн, барои тағзияи ин навъи сагҳо моҳона аз 50 то 100 доллар лозим будааст. Мушкили нигоҳубини номуносиби сагҳои хидматиро яке аз кормандони тарҳи аврупоии БОМКА КАДАП низ зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки бар асоси ин тарҳ марзбонони тоҷик кӯмакҳои молӣ, таҷҳизот ва ҳам сагҳои бӯйгир дарёфт мекунанд. Ӯ ба "Озодӣ" гуфт, дар се соли пеш чанд мавриди нигоҳубини номуносиби сагҳои хидмати мушоҳида шуда буд, вале ҳоло вазъ ислоҳ шудааст.

Як афсари собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳам, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт дар воқеъ пас аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2005, нерӯҳои марзбонии тоҷик ба таври бояду шояд таъмин намешуданд ва табиист, ки чунин ҳол пеш меояд. Аммо ба гуфтаи ӯ, тоҷикон аз қадим нисбат ба ҳайвон ва бахусус сагҳо раҳмдил будаанд ва ин гуфтаи роиҷ дар миёни мардумро мисол овард, ки "ҳайвони безабонро гуруснаву ташна гузоштан гуноҳ аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG