Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куллан дар чунин нишастҳо зиёда аз 250 санад ба имзо расидааст, вале ағлаби онҳо амалӣ нашудааст.

Дар ҳамоиши сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе шаҳр 11 масъала дар робита ба рушди равобити кишварҳои узв дар бахши амнияти ва кӯмакҳои башари барраси хоҳад шуд.

Коршиносон баъид медонанд, ки асноди ба имзо расида дар ҳамоиши Душанбе низ ба ҳалли мушкилоти ин кишварҳо кӯмак кунад.

Алексей Малашенко коршинос аз маркази пажуҳиши Корнеги дар шаҳри Маскав дар робита ба фаолияти ин иттиҳодия гуфт: «Ин иттиҳодия як созмони аморфӣ, яъне бешаклу заиф аст, ки ба хотири дар як иттиҳод нигоҳ доштани ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ташкил шуда буд ва ин иттиҳод ҳоло танҳо ба як майдони мулоқоти руасои ҷумҳур табдил ёфтааст».

Ба эътиқоди коршиносон, асноди имзошуда аз сӯи руасои ҷумҳури кишварҳои узви ин иттиҳод ҳукми қонуни ва иҷрои ҳатмӣ аз сӯи кишварҳои узв надорад ва танҳо ин аснод ҳукми машваратиро дорад, ки ҳеҷ ҷумҳурӣ ба иҷрои он муваззаф нест.

Ба эътиқоди коршиносон ҳадафи аслии ин иттиҳод масалаи амнияти аст, ки дар чаҳорчӯби паймони амнияти дастаҷамъӣ дар хиттаи сиёсати низомии Русия қарор додани ин кишварҳост.

Зоҳири Саъдулло як сокини шаҳри Душанбе дар робита ба ҳамоиши сарони кишварҳои ин иттиҳод дар Душанбе шаҳр гуфт, ки ин иттиҳодро ба СССР муқоиса кардан ғайри мумкин аст, вай афзуд дар гузашта у метавонист меваи Тоҷикистонро бидуни мушкил ба шаҳрҳои Русия, Белорус, Укроин ва ғайра бубарад аммо ҳоло новобаста ба имзои даҳҳо санад дар бораи тиҷорату ҳамкорӣ ин корро кардан ғайри мумкин аст, вай афзуд:
«Дар масалаи тиҷорат дар ҳоли ҳозир барои ман овардани коло аз Чин осонтар аст нисбат ба он, ки аз кишварҳои ҳамсуд биорам. Зеро ин кишварҳо ҳама қонуну гумруки худро доранд ва санади СНГ барои онҳо муҳим нест. Хубиаш ҳамин аст, ки миёни баъзе аз кишварҳои узв виза ё раводид вуҷуд надорад».

Ба гуфтаи ин сокини Душанбе, аз ҷиҳати ҳифзу мурооти ҳуқуқи мардум дар ин иттиҳод дастуре ё шартномае вуҷуд надорад, ки ҳама кишварҳои узв онро муроот кунанд.

Худойберди Холиқназаров коршинос аз маркази таҳқиқоти стротегии назди дафтари раисиҷумҳур ва собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки ин иттиҳод пас аз фурӯпошии Шӯравӣ нақши худро, ки ҳадафаш муттаҳид сохтан буд то ҷое иҷро кард ва ин иттиҳоди ба ӯавли коршиносони Русия аморфӣ ё бе шаклу лоубол дар ҳоли ҳозир воқеъан ҳам ба як майдони гуфту гуи раҳбарон табдил ёфтаааст.

Ҷаноби Холиқназаров афзуд: «Ба фикри ман вуҷуди ин созмон то ба ҳол аҳамияти худро гум накардааст. Худое накарда агар ин созмон аз байн биравад дар ин минтақаи пур моҷарои Осиёи Марказӣ худо медонад чи мешавад. Ба назари ман дар оянда шояд, ки дар ин иттиҳод таъғири шакли сурат бигирад зеро бо усул ва шеваи куҳна кор кардан ғайри мумкин аст».

Масъалаи тағийри шаклии ин иттиҳод аз чанд сол бад ин сӯ матраҳ аст вале ин мавзуъ сол ба сол дар ҳамоишҳо ба баъд мавкул мешавад. Зеро Русия аз сӯи дигар кишварҳои истиӯлол ба даст оварда алоқаманди тағийри ин созмон нестанд ва намехоҳанд ду бора аз тариқи ин иттиҳод дар ҳитаи сиёсати Русия қарор гиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG