Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Бозиҳои сиёсӣ ва сабқати футбол


Сафари расмии Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар меҳвари матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирифтааст.

«Азия плюс» дар матлаби «Договоримся?» ва ё «Ба тавофуқ мерасем?» боздиди раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта ва навиштаст, ки президентони Тоҷикистону Русия боз як талоши дигареро барои ҳамвор кардани муносиботи ду кишвар ба харҷ хоҳанд дод.

Ба навиштаи нашрия, «ҳарчанд интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар эъломияи муштараки раисони ҷумҳури Тоҷикистону Русия ва ду санади ҳамкорӣ дар масоили марзӣ ва Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ то соли 2015 ба имзо расад, аммо ин ҳама танҳо қарордодҳои муқарарӣ хоҳанд буд».

Нашрия бар ин бовар аст, ки «президентони ҳар ду кишвар мавзӯъоти муҳимеро, ки дар ин авохир равобити ду кишварро ба сардӣ кашондааст, нуқта гузоранд». Бо ин ҳам нашрия, шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, истифодаи фурудгоҳи низомии «Айнӣ», ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, лағви боҷи гумрукии содироти маводи сӯхти Русия ва ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон, маҷмӯъи масоилест, ки дар музокироти Медведев ва Путин баррасӣ хоҳанд шуд».

«Имрӯз нюс» дар ин робита зери сарлавҳаи «Кремл Э. Раҳмонро омода мекунад» матлаберо чоп кардааст, ки ба изҳороти ахири Виктор Иванов, раиси хадамоти зидди маводи мухаддири Русия дар остонаи сафари Медведев ихтисос дорад. Нашрия дар муқобили даъвои Иванов, ки бояд марзбонони рус ба назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргарданд, навиштааст, ки «мақомоти Тоҷикистон инро қабул надоранд. Чун бозгашти дубораи марзбонони рус, боиси зери суол рафтани мустақилияти Тоҷикистон мешавад.

Ин аст, ки нашрия менависад, «акнун метавон хулоса кард, ки яку якбора аз сафари корӣ ба «расмӣ» табдил ёфтани боздиди Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба чӣ хотир будааст. Мутмаинан, Русия то ҳанӯз дар орзуи баргаштан ба сарҳади, ба қавли равғанин аст, ки соли 2005 аз даст дод. Таҳлилгарони мустақили тоҷик ҳам иддаои мақомоти русро оиди афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон борҳо рад кардаанд. Ҳатто сомонаи Викиликс дар як матлабаш навишт, ки генералҳои дар минтақа будаи рус аз кадом ҳисоб «Мерседес — 600» савор мешаванд».

«Наҷот» дар мақолаи «Омад омадат гардам...» ба нақл аз таҳлилгарон менависад, бо таваҷҷӯуҳ ба сафари расмии Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон, навиштааст, ки «Тоҷикистон аз ин нишастҳо ягон имтиёзи чашмгире барои худ касб карда натавонист, аммо расман ё дар зоҳир ҳама чиз имзо мешаванд. Душанбеи расмӣ то ҳол натавонистааст, ки ба ивази ҷой додани пойгоҳи низомӣ, ҳадди аққал ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрванди муҳоҷири худро ҳимоя намояд».

Ба навиштаи нашрия «алорағми он амалҳои хусусияти миллатгароёнае, ки дар Русия «мӯд» шудааст ва солона даҳҳо шаҳрванди моро сар аз тан ҷудо мекунанд». Ҳатто ба таъкиди нашрия «Медведев боре ба тоссарҳои руси хеш ҳушдор надодааст, ки хати қирмизро миёни ду кишвари ҳамшарики стротежӣ нигоҳ доранд».

Бозии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Турсунзода, аз дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи нашрияҳои душанбе будааст.

«Нигоҳ» ин бозиро «сиёсӣ» арзёбӣ карда ва навиштааст, ки «рақобати футболбозони тоҷик ва узбак таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳатто натиҷаи як бохти калон дар Душанбе аз тошкандиҳо боиси он гардид, ки варзишгарон варзишгоҳи ба номи Фрунзеро ба коми оташ кашанд. Нашрия мӯътақид аст, ки «албатта, дар робита ба рақобати таърихӣ (ва ҳамчунин сиёсӣ, ки идома дорад), бозӣ бо ҳарифони узбак барои мухлисони тоҷик принсипӣ ба шумор меравад».

«Тоҷикистон» дар робита ба ин бозӣ мусоҳибаи ихтисосиеро бо Олимҷон Рафиқов, масъули дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон анҷом додааст, ки ҷаноби Рафиқов бозӣ бо Узбакистонро ба иди ҳақиқӣ ташбеҳ кардааст. Масъули дастаи футболи Тоҷикистон бо он ки тимҳои шомил дар гурӯҳи хешро муҳим хондааст, аммо гуфтааст, ки «дар гурӯҳи «марг» сарбаландона баромад хоҳем кард».

Аммо назари Олимҷон Рафиқов дар мавриди футболи тоҷик ин аст, ки «системаи футболи мо мелангад. Дар шароити мо чемпионатро дар чор марҳала гузаронидан аз ҳақиқат дур аст. Мураббиён дар вазъи фавқулода кор мекунанд, бисёре аз бозигарон камқувват шудаанд. Ҷадвали бозиҳо хеле танг аст, футболбозон имкони барқарор кардани қувваро надоранд».

Мушкилоти забони тоҷикӣ ҳамоно аз масоили матруҳа дар матбуот аст.

«Миллат» ин мавзӯъро дар матлаби «Забони мо порсӣ - дарӣ - тоҷикӣ ё рузбакӣ?!» ба чолиш кашида ва навиштааст, ки «яке аз доғтарин масъалаҳое, ки дар 22 соли гузашта ҳал нашуда монд, номи расмии забонамон ҳамроҳ бо мақому хатташ аст. Забонеро, ки имрӯз «тоҷикӣ» меномем, то соли 1920 милодӣ «порсӣ» мехонданд. Ин забон дар куҳантарин замонҳо «ариёӣ» ном дошта ва бозмондаҳои «Авесто», деворнигораҳои шоҳаншоҳони ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ дар Ирон ва сангнавиштаҳои подшоҳони кушонӣ дар Афғонистон гувоҳ ба ин гуфтаҳост».

Муаллифи матлаб дар идома менавиад, «мавзӯи бозгашт ба хатти ниёкон, ки ҳамон хати порсист, низ аз доғтарин мавзӯҳо дар 22 соли гузашта буд. Кор ба ҷое расидааст, ки ҳар гоҳ агар, масалан, осори устод Садриддин Айнӣ ва ё устод Мирзо Турсунзода ба хатти кирилӣ чоп шавад, пушти китоб забонашро «тоҷикӣ» ва ҳар гоҳ ба хатти порсӣ мунташир шавад, забонашро «форсӣ» менависанд.

Муаллиф дур шудан аз хатти порсӣ ва парешониву дармондагиро «паёмади балое медонад, ки пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 умуман, ва табартақсими Тоҷикзамин дар соли 1924 хусусан, бар сари мардуми тоҷик ва забонаш» донистааст.

Ба таъкиди муаллифи матлаб, «аз «баракати» сиёсати «ғамхоронаи» Ҳукумати шӯравӣ ва ҳизби коммунист дар 70 сол, забони мо «рузбакӣ» гашт, яъне забоне сахт олудаву носуфта ва ниме русиву ниме узбакӣ ва аз тоҷикӣ дар он танҳо «ӯ» мондаву бас. Содасозӣ забони моро аз авҷи Зуҳал бар қаъри гили сиёҳ кашонд».
XS
SM
MD
LG