Пайвандҳои дастрасӣ

Беназмиҳо пас аз бохти “Шодмон” ба “Равшан”


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Бар асари бетартибиҳо як довар ва як мухлиси футбол захмҳои сабук бардоштаанд.

Дар ҳоле ки дастаи “Шодмон”-и Ҳисор бозиро дар майдони худ ба “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 бохт, мухлисони он бо эътироз аз амали доварон даст ба бетартибиҳо заданд.

Корманди хабаргузории “Азия-Плюс”, ки дар варзишгоҳ буд, мегӯяд, дар ҳоле ки бозингарони “Равшан” дар қисмаи аввали бозӣ ба дарвозаи ҳарифашон гол заданд, мухлисони “Шодмон” баъд аз беҳосилии талошҳои бозигарони ин даста аз доварон талаб намуданд, ки ба дарвозаи “Равшан” зарбаи ҷаримавӣ муқаррар шавад. Аммо довар ин корро накардааст.

Дафъатан пас аз анҷоми бозӣ мухлисон доваронро бо шишаҳои пластикии об ва сангу чӯб ҳадаф қарор доданд ва яке аз доварон захмӣ шудааст.

Нозирони тартибот тавонистанд, аз зӯроварии мухлисон ҷилавгирӣ кунанд. Вале гурӯҳе аз онҳо дар назди боғ ҷамъ омада, гурӯҳи дигар бо нидоҳои “Ҳисор!Ҳисор!” ба самти автовокзал ҳаракат кард. Нерӯҳои иловагии полис ҳаракати онҳоро боздоштанд. Гуфта мешавад, дертар авзоъ ором шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG