Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори 14 маҳбус аз зиндони Мавсули Ироқ


Мақомоти ироқӣ мегӯянд, 14 маҳбуси муттаҳам ба “терроризм” аз зиндони шаҳри Мавсул дар шимоли Ироқ фирор кардаанд. Бино бар иттилои полис 35 нафар ба фирор талош карда, аммо 21 нафари онҳо дафъатан боздошт шудаанд. Даргирие дар ин асно ба вуқӯъ напайвастааст. Мақомоти амниятӣ гуфтанд, маҳбусон барои фирор як нақби 50-метрӣ кандаанд.
XS
SM
MD
LG