Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон -- хостори мизбонии бозиҳои олимпии соли 2020


Кумитаи олимпии Озарбойҷон имрӯз эълом дошт, ки барои мизбонии бозиҳои олимпии соли 2020 дар Боку ариза додааст. Сухангӯи кумита, Конул Нуруллоева гуфт, таҷрибаи бохти Озарбойҷон дар озмун барои бозиҳои соли 2016 ин бор ба кишвар кӯмак хоҳад кард. Бо ин ариза Боку ба сафи Истанбул, Доҳа, Мадрид, Қатар, Рум ва Токио пайваст, ки низ хостори мизбонии бозиҳои олимпии соли 2020-анд. Қарор аст Кумитаи байнулмилалии олимпӣ имрӯз феҳрасти ширкаткунандагони сабқатро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG